Ссылки доступа

Лаваш моли кикст? Баҳси панҷ кишвар атрофи нон


Панҷ кишвар - Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия - дар робита ба нонҳои тунук ё лавашро моли Арманистон эътироф кардани ЮНЕСКО эътироз кардаанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории apa.az.

Намояндагони панҷ кишвар дар ЮНЕСКО ҳуҷҷати дастаҷамъии "Фарҳанги омода кардани нони тунук: лаваш, қотирма, жупка, юфка"-ро муаррифӣ кардаанд. Дар ин ҳуҷҷат навишта шудааст, ки лаваш мероси фарҳангии тамоми халқҳои минтақа аст.

ЮНЕСКО ин масъаларо дар ҷаласаи 11-уми ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки аз 28 ноябр то 2 декабри соли ҷорӣ барпо мешавад, баррасӣ хоҳад кард.

Пештар аз ин Арманистон пешниҳод карда буд, ки лаваш ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ҳамчун "лаваши арманӣ" шомил карда шавад. Баъди эътирози Туркия ва Озарбойҷон номи ҳуҷҷат ба "Лаваш дар Арманистон" тағйир дода шуд.

XS
SM
MD
LG