Ссылки доступа

КДАМ гуфт, Тулошев чӣ гуна мехост ҳукумати Назарбоевро сарнагун кунад


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон (КДАМ) мегӯяд, дар доираи парвандаи Тохтар Тулешов, соҳиби ширкати "Чимкентпиво" 25 гумонбар боздошт шуда, наздики 300 тани дигар ба ҳайси шоҳид иштирок доранд.

Бино бар иттилои хадамоти матбуотии ин ниҳод, Тулешов дар содир кардани беш аз даҳҳо ҷиноят, бахусус "маблағгузории ҷамоати ҷиноии фаромиллӣ", "ташкили гурӯҳи ҷиноӣ" ва "куштор" айбдор мешавад.

Намояндаи КДАМ Қазоқистон зимни суҳбат бо рӯзноманигорон дар шаҳри Остона гуфт, дар мавриди омодагӣ дидани Тохтар Тулешов ва як қатор шарикони эҳтимолии ӯ барои ғасби ҳукумат дар ин кишвар далелҳо мавҷуд аст. Бар пояи иттилоияи ин ниҳод, гумонбарон гӯиё нақша доштаанд, бо барангехтани ташаннуҷи иҷтимоӣ, бетартибиҳои оммавию таҷаммуи эътирозӣ ҳукуматро дар Қазоқистон ғасб кунанд.

КДАМ Қазоқистон 9 июл эълон кард, ки тафтиши парвандаи Тулошев ба поён расидааст.

Соҳиби ширкати "Чимкентпиво" ибтидои соли равон боздошт шуд. Он замон хабар дода шуд, ки ҳангоми боздошт аз ӯ силоҳи оташфишон, маводи мухаддир ва адабиёти мамнуъ дарёфт кардаанд. КДАМ Қазоқистон моҳи июн эълон кард, ки Тулешов дар ташкили эътирозҳои оммавӣ дар масъалаи ислоҳоти замин, ки охирҳои моҳи апрел дар як қатор шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон баргузор шуд, ҷавобгӯ аст.

Бо гумони ҳамдастӣ бо вай Илёс Бахтибоев, муовини пешини додситони кулли Қазоқистон, генерал-майор Доскалиев, сардори пешини РКД вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ, муовини пешини сардори РКД Қазоқистони Ҷанубӣ ва ду фармондеҳи минтақавии Вазорати дифои ин кишвар боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG