Ссылки доступа

Консулгарии Тоҷикистон дар Файзободи Афғонистон дубора фаъол шуд


Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки шаш моҳ қабл бино бар далелҳои амниятӣ муваққатан фаъолияташро қатъ карда буд, дубора ба кор оғоз кард.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул хабар дод, ки бино бар дархостҳои пайдарпайи ҷониби Афғонистон ва пеш овардани вазъи сангини сокинони Бадахшони он кишвар, ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки консулгарии худро дар шаҳри Файзобод дигарбора фаъол созад.

Сафири Тоҷикистон афзуд, ки дипломатҳои тоҷик ҳоло ба Файзобод расидаанд ва машғули таҳияи шароити корӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо сохторҳои Афғонистон дар мавриди таъмини амнияти намояндагӣ ва кормандони онанд.

Шарофиддин Имомов дар робита ба фаъолияти консулгарии Тоҷикистон дар Қундуз гуфт, ки вазъи амниятии ин вилоят дар ҳоли ҳозир имкон намедиҳад, ки дипломатҳои тоҷик фаъолияташонро дар онҷо дубора оғоз кунанд.

Бино бар иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Қундуз яке аз биноҳои нахустине буд, ки дар ҳамлаи Толибон 28-уми сентябри соли 2015 мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG