Ссылки доступа

Таҳдиди Пхенян барои бунёди системаи зиддимушакии ИМА


Куриёи Шимолӣ таҳдид кард, ки ба ҷойгирсозии низоми зиддимушакии амрикоӣ дар ҳудуди Куриёи Ҷанубӣ посухи муносиб медиҳад. 8 июл Сеул ва Вашингтон хабар доданд, ки дар посух ба хатарҳои рӯзафзуни Куриёи Шимолӣ дар Куриёи Ҷанубӣ мушаки заминии сайёр (THAAD) мустақар мекунанд.

Дар изҳороти низомиёни Куриёи Шимолӣ гуфта мешавад, ки ҳамин ки хабари бунёди низоми зиддимушакии амрикоӣ дар Куриёи Ҷанубӣ тасдиқ шуд, "иқдомҳои ҷавобии физикӣ" қабул мешавад.

Вашингтону Сеул ҳанӯз дақиқ накардаанд, ки пойгоҳи зиддимушакиро кай ва дар куҷо бунёд мекунанд, аммо ҳар ду ҷониб хабар доданд, ки корҳои муқаддамотӣ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд.

Як рӯз қабл аз қабули қарори бунёди THAAD вазорати молияи ИМА роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Инро ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид кард. Вазорати Амрико мегӯяд, дар Куриёи Шимолӣ ҳуқуқи инсон поймол мешавад. Пхенян ин иқдомро "эълони ҷанг" номид.

XS
SM
MD
LG