Ссылки доступа

Гуруҳи CIT: дар Сурия чархболро на аз замин, балки аз чархболи дувум задаанд


Дар робита ба марги ду низомии рус дар Сурия гуруҳи Conflict Intelligence Team (CIT) таҳқиқоти вижа анҷом додааст. Ду низомӣ дар пайи суқути чархбол 8 июл кушта шуданд. Коршиносони мустақил ба ин натиҷа расиданд, ки чархбол аз мушаки чархболи дувум, ки ногаҳонӣ сар дода шуда буд, суқут кардааст.

Хулосаи дигаре, ки аз хулосаи расмӣ фарқ мекунад, ин аст, ки "маҳз чархболи русии Ми-35М суқут кардааст, на чархболи Ми-25 Сурия". Кормандони гуруҳи Conflict Intelligence Team ин далелро "исботшуда" меноманд.

Ахиран расонаҳои Русия хулосаи расмиро, ки аз манбаъҳои вазорати мудофиаи Русия ва ё артиши Сурия дарёфт кардаанд, нашр намуданд.

8 июл расонаҳо хабар доданд, чархболи Ми-25 Сурия, ки дар дохилаш ду низомии Русия қарор доштанд, суқут кардааст. Ҳамон рӯз манбаъҳои хабаргузории "Ленты.ру" аз вазорати мудофиаи Русия хабар доданд, ки маҳз Ми-35М суқут кардааст. Вазорати мудофиаи он кишвар расман ин иттилоъро тасдиқ намекунад.

9 июл хабаргузории Интерфакс бо такя ба "манбаъи низомии Сурия" навишт, ки "дар наздикии Полмиро ҷангҷӯён чархболи Ми-24 артиши ҳукумати Сурияро задаанд". Дар он хабар гуфта мешавад, ки чархболро "террористон аз замин задаанд".

XS
SM
MD
LG