Ссылки доступа

"Ӯзбекфилм" дар бораи бунёдгузорони ҲИӮ филм месозад


Дар Ӯзбекистон ба наворгирии филми таблиғотӣ зидди ҷангиёни исломгаро ва ақидаҳои бегона ба охир мерасад. Ин филм "Орзуи муқаддас" ном дошта, аз ҳаёти марде, ки дар замони шӯравӣ барои эътиқоди диниаш таъқиб мешаваду бо шарофати истиқлол озод мегардад, қисса мекунад.

Миёни нақшҳои асосӣ образи бунёдгузори созмони террористии "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" ҳам ҳаст. "Орзуи муқаддас" бо фармоиши Агентии миллии "Ӯзбеккино" дар киностудияи "Ӯзбекфилм" наворбардорӣ мешавад.

Тавре ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ маълум гардид, тамоми кинотеатрҳои Ӯзбекистон филми мазкурро дар рӯзҳои ҷашни истиқлолияти давлатии ин кишвар намоиш хоҳанд дод. Бино бар хабарҳо, барои ба наворгирии ин филм аз буҷаи давлат наздики 1 миллиард сӯм ҷудо гардидааст.

Ду образи филми "Орзуи муқаддас" ба Тоҳир Юлдош ва Ҷумъаи Намангонӣ, шахсиятҳои таърихӣ ва нафароне, ки солҳои 80-уми асри 20 дар шаҳри Намангон гуруҳи исломиеро таъсис доданд, бахшида шудааст.

Ин ду кас баъди президенти Ӯзбекистон интихоб шудани Ислом Каримов дар моҳи декабри соли 1991 кишварро тарк карда, замони ҷанги дохилии Тоҷикистон ба сафи мухолифин пайвастанд.

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, ки ҳадафаш таъсиси хилофат дар ин кишвар аст, соли 1998 аз сӯи Тоҳир Юлдош ва Ҷумъаи Намангонӣ ташкил гардидааст.

XS
SM
MD
LG