Ссылки доступа

Дэвид Кэмерон курсиро барои Тереза Мэй холӣ мекунад


Тереза Мэй рӯзи чаҳоршанбе сарвазири нави Бритониё хоҳад шуд. Ӯ дар ин мақом Дэвид Кэмеронро иваз менамояд, ки зуҳри 13 июл истеъфономаашро расман ба малика Елизабет II тақдим менамояд.

Ҷаласаи охирини ҳукумати Бритониё зери раҳбарии Кэмерон имрӯз, сешанбе баргузор мешавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки Андреа Лидсом, вазири энергетикаи Бритониё аз мубориза барои мақоми сарвазирӣ даст кашидааст. Аз ин рӯ, рақиби ӯ Тиреза Мэй ягона номзад ба мақоми раисии ҳукумати Бритониё боқӣ монд.

Хонум Мэй дар ҳоли ҳозир вазифаи вазирии корҳои дохилии ин кишварро бар зимма дорад. Вай ва Лидсом зимни даври дувуми интихоботи раҳбарони Ҳизби муҳофизакорон раъйи бештар ба даст оварда буданд.

XS
SM
MD
LG