Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон: миёни ташрифи Меркел ва парвандаи Аскаров робитае нест


Миёни ташрифи садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба Қирғизистон ва парвандаи ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ Азимҷон Аскаров ҳеч робитае нест. Дар ин бора дар нишасти хабарие мудири шуъбаи сиёсати хориҷии президенти Қирғизистон Сафар Исҳоқов хабар додааст.

Ёдрас мешавем, 11 июл Додгоҳи олии он кишвар бозбинии парвандаи ҷиноятии Аскаровро шуруъ кард. Кумитаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон моҳи апрели соли ҷорӣ аз Қирғизистон даъват карда буд, ки парвандаи ин ҳомии ҳуқуқ бозбинӣ шавад. Қарори худро кумита бо он асоснок карда буд, ки Аскаров ғайриқонунӣ боздошт, шиканҷа ва дар шароити сангин нигаҳдорӣ шудааст.

Пештар аз ин Кумитаи байналхалқии ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) ба Ангела Меркел муроҷиат карда, хоста буд, ки бо ҳукумати Қирғизистон озодии Аскаровро дар миён бигзорад.

Меркел бо ташрифи расмӣ 13 ва 14 июл ба Қирғизистон меояд. Дар доираи ин сафар садри аъзами Олмон бо президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ҳайати порлумон ва ҳамчунин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG