Ссылки доступа

Дар метрои Москва иттилоъ дар бораи садамаҳоро пинҳон мекунанд


Роҳбарияти метрои Москва иттилоъ дар бораи аксари садамаҳоро пинҳон мекунад. Дар ин бора раиси Иттифоқи мустақили коргарони метро Николай Гостев дар суҳбат бо радиои "Москва ҳарф мезанад" хабар додааст.

Дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ Гостев гуфт, барои пинҳон кардани фарсудагии метроҳо роҳбарияти метрополитен Дмитрий Пегов ба кормандонаш дастур додааст, ки бо расонаҳо суҳбат накунанд. Гостев мегӯяд, онҳоеро, ки дар бораи фарсудагиҳо хабар медиҳанд ва аз кам шудани маблағи таъмири нигаҳдории метроҳо эътироз мекунанд, аз кор хориҷ месозанд.

Ба гуфтаи вай, аксари садамаҳо дар пайи интихоби нодурусти қисмҳои эҳтиётӣ сар мезананд.

"Мо ҳамагӣ 12 километр релсро ду сол иваз кардем. Аз 6 ҳазор зерчӯби релсҳо, ки бояд иваз мешуд, ҳамагӣ 800 дона иваз шуд. Ин ҷо дар ҳамаи самтҳо вазъи нобасомоне дида мешавад. Ин ҳам ба хотири то 30 дарсад кам кардани хароҷоти нигаҳдории метроҳо аст", - афзудааст роҳбари иттифоқи мустақили коргарон. Вай бар ин назар аст, ки фаъолияти роҳбарияти метро талафоти инсонӣ дар пай хоҳад дошт.

Вай мегӯяд, коргарони метро аллакай ба вакилони Думаи давлатӣ, ҳамчунин раиси шаҳри Москва, Додситонии кулл ва вазорати нақлиёт муроҷиат кардаанд. Аммо то кунун посухи мусбате дарёфт накардаанд.

XS
SM
MD
LG