Ссылки доступа

Киев: дар Донбасс ду низомии рус ба асорат афтоданд


Низомиёни Украина дар ҷангҳои наздики деҳаи Троитское вилояти Донетск ду шаҳрванди Русияро асир гирифтанд. Бо ин гуна изҳорот рӯзи душанбе намояндаи дастгоҳи президенти Украина Андрей Лисенко баромад кардааст.

Ба гуфтаи вай, шаби гузашта як дастаи ҷудоихоҳон талош кардаанд, ки ба ақибгоҳи нерӯҳои Украина ҳамла кунанд. Дар ин ҷангҳо ду ҳамлагар маҷруҳ ва яке кушта шудааст.

Дар Ситоди кулли Украина акси шиносномаҳоеро, ки аз кушташудагон пайдо кардаанд, нашр намуданд. Яке аз ин шиносномаҳо ба шаҳрванди 39-солаи Русия Натан Сакиров тааллуқ дорад. Номи ду шаҳрванди дигари Русияро низомиёни украинӣ ҳанӯз эълон накардаанд. Гуфта мешавад, айни ҳол онҳо дар беморхона бистарӣ ҳастанд.

Киев ва кишварҳои Ғарбӣ Кремлро ба он айбдор мекунанд, ки аз ҷудоихоҳони шарқи Украина ҳимоят мекунад. Москва ин айбҳоро рад мекунад.

Дар рӯзҳои гузашта дар Донбасс як низомии украинӣ кушта ва даҳ нафари дигар маҷруҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG