Ссылки доступа

Охирин тоҷики Гуантанаморо ба Сербистон фиристодаанд


Ду бандии боздоштгоҳи низомии Гуантанамои ИМА ба Сербистон фиристода шуданд. Ин хабарро 11 июл намояндаҳои Департаменти давлатии ИМА ва Пентагон тасдиқ карданд.

Бино ба иттилои Департаменти давлатии ИМА, ин ду нафар Муҳаммадӣ Давлатов (Умар Абдуллоев) аз Тоҷикистон ва Саъд ал-Зайф аз Яман ҳастанд.

Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, ин бори нахуст аст, ки бандиёни Гуантанамо ба Сербистон интиқол дода мешаванд.

Масъалаи интиқоли Муҳаммадӣ Давлатов шаш сол пеш баъди он пазируфта шуд, ки парвандаи ӯ аз сӯи вазорати дифоъ, вазорати умури хориҷӣ, вазорати адлия, раиси Раёсати кашфи миллӣ ва Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳои ИМА баррасӣ шуд.

Пентагон дар изҳороти худ гуфтааст, ки интиқоли ал-Зайф моҳи октябри соли гузашта аз сӯи Шӯрои коршиносоне қабул гардид, ки муайян карданд дар ҳабс будани вай дигар барои амнияти миллии ИМА зарур нест.

Ҳоло дар зиндони Гуантанамо 76 бандӣ боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG