Ссылки доступа

Боздошти 7 тани дигар дар робита ба таркишҳои фурудгоҳи Истамбул


Дар Туркия боз 7 тани дигар бо гумони даст доштан дар таркишҳои фурудгоҳи шаҳри Истамбул боздошт шудааст. Бино бар иттилои расонаҳои ахбори оммаи ин кишвар, шумори дастгиршудаҳо дар доираи парвандаи мазкур ба 37 нафар расид.

Хабаргузории давлатии Anadolu-и Туркия имрӯз, 12 июл иттилоъ додааст, ки ин афрод бо айби иштирок дар гуруҳи мусаллаҳи террористӣ ва даст доштан дар куштор боздошт гардидаанд.

Тавре хабаргузории мустақили Dogan хабар додааст, ҳамаи ин 7 нафар шаҳрванди хориҷӣ буда, шоми якшанбе, 10 июл боздошт гардидаанд.

Дар натиҷаи ҳамлаи террористии 28 июни фурудгоҳи Отатурки Истамбул дасти кам 45 нафар куштаву 240 тани дигар захмӣ шуд. Ҳеч гуруҳи террористие масъулияти ин ҳамларо бар зимма нагирифт ва мақомоти Туркия гуфтанд, таркишҳо кори ҷангиёни созмони террористии "Давлати исломӣ" буд.

Воситаҳои ахбори оммаи Туркия бо истинод ба манобеи худ дар ҳукумати кишварашон навиштанд, ки ҳамлагарони фурудгоҳ шаҳрвандони Русия, Қирғизистон ва Ӯзбекистон буданд.

XS
SM
MD
LG