Ссылки доступа

Ҳукми зиндони 12 сокини Оқтеппа барои қасди пайвастан ба ДИ


Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 12 сокини маҳаллиро бо гумони қасди пайвастан ба сафи созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) ба муҳлати аз 6 то 8 сол зиндонӣ кард.

Анор Айтжанова, сухангӯи додгоҳи вилояти Оқтеппа гуфтааст, додгоҳи шаҳрии №2 гумонбаронро дар талош барои пайвастан ба гуруҳи террористӣ, мусоидат ба терроризм ва сармоягузории созмони экстремистӣ айбдор донист.

Ҳамаи ин 12 сокини маҳаллии Оқтеппа, ки аз 20 то 67 сол доранд, муваққатан бекору оиладор буда, танҳо се танашон доғи судӣ доштаанд. Бар пояи иттилои манбаъ, онҳо бо мубаллиғини гуруҳи террористӣ ба воситаи Интернет шинос шуда, талош доштаанд, то шиносномаҳои қалбакӣ ба даст оранд. Инчунин бо қарори додгоҳ, амволи боздоштшудаҳо мусодира хоҳад шуд.

Мақомоти Қазоқистон номи созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро расман моҳи октябри соли гузашта ба рӯйхати созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар ин кишвар шомил карданд.

XS
SM
MD
LG