Ссылки доступа

Тошканд иҷозати мулоқот бо 10 маҳбуси сиёсиро дод


Мақомоти Ӯзбекистон ба созмони ҳуқуқи инсони "Эзгулик" иҷоза доданд, то аз ҳоли даҳ ҳомии ҳуқуқу вакили дифоъ, ки бо ҷурмҳои гуногун зиндонӣ шудаанд, хабар гирад. Аммо фаъолони созмон мегӯянд, барои рафтан ба назди маҳбусони сиёсӣ ба кумаки моддӣ ниёз доранд.

Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсони "Клуби қалбҳои оташин" дар Порис 11 июл муроҷиатномаеро ба шаҳрвандони Ӯзбекистон зери унвони "Кумаки хешро барои мулоқот бо маҳбусони сиёсӣ дареғ надоред!" нашр кард. Ин созмон дар муроҷиатномааш аз тамоми шаҳрвандони Ӯзбекистон ва ӯзбекҳои муқими кишварҳои хориҷ даъват кардааст, ки кумаки молӣ кунанд, то фаъолони "Эзгулик" аз ҳоли маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳо хабар гиранд.

Ҳамчунин қайд гардидааст, ки "Эзгулик" дар арафаи саммити СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай), ки рӯзҳои 23-24 июн дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, аз ҳукумати Ӯзбекистон даъват кард, то "даҳҳо маҳбуси сиёсиро озоду дар доираи қонунгузорӣ мулоқот бо онҳоро баргузор намуда, дастрасӣ ба иттилоъ дар бораи вазъ ва саломатиашонро таъмин намояд. Баъди саммити СҲШ раҳбарияти Сарраёсати адои ҷазои назди ВКД Ӯзбекистон ба муроҷиати "Эзгулик" расман посух дода, гуфтааст, фаъолони созмон метавонанд, ба дидори даҳ ҳомии ҳуқуқу рӯзноманигорони зиндонӣ ба маҳбасҳо бираванд.

"Ин маҳбусон дар зиндонҳои шаҳру навоҳии гуногуни Ӯзбекистон нигаҳдорӣ мешаванд. Ҷазои бархеи онҳо бо айбҳои бофта илова шуда, тақдири бархеи дигарашон ҳанӯз маълум нест. Фаъолони "Эзгулик" аз дарёфти иҷоза барои дидор бо даҳ тани онҳо хеле шод шуданд. Вале шодии онҳо дер давом накард. Зеро ҳомиёни ҳуқуқ фикр намекарданд, ки ҷамъоварии маблағ барои дидор бо ин маҳбусони сиёсӣ то ин ҳад мушкил хоҳад буд", - менависад сомонаи Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсони "Клуби қалбҳои оташин" дар Порис.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳомиёни ҳуқуқ ҳақ доранд, то 25 июл аз ҳоли маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Ӯзбекистон хабар гиранд.

XS
SM
MD
LG