Ссылки доступа

Сайёҳи рус бо кураи бодбар ба сайёҳати ҷаҳон баромад


Сайёҳи рус Федор Конюхов бо кураи бодбар ё "воздушный шар" ба сайёҳати ҷаҳон баромад. Вай сайёҳаташро аз Австралия шуруъ карда, давоми ду ҳафта ният дорад 33-35 ҳазор километрро тай кунад, хабар медиҳад ТАСС.

Парвоз дар баландии 5-10 ҳазор метр аз болои уқёнуси Ором, Амрикои Ҷанубӣ, уқёнуси Атлантика, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва уқёнуси Ҳинд сурат хоҳад гирифт. Конюхов аз ҳамон масире гузар мекунад, ки сайёҳи амрикоӣ Стив Фоссет дар соли 2002 сафар карда буд. Стив Фоссет бо тай кардани сайёҳати беисти ҷаҳонӣ рекорд гузошта буд. Вай курраи заминро дар камтар аз ду ҳафта давр зада буд.

Кураи бодбарро барои Конюхов ширкати Cameron Balloons сохта аст. Ҳамин ширкат барои Фоссет низ кураи бодбар сохта буд.

Федор Конюхов бештар аз 40 сайёҳат анҷом додааст. Моҳи июни соли 2005 Конюхов ба шиноварии 188-рӯза баромада, бо киштии 27-метра ҷаҳонро давр зада буд.

XS
SM
MD
LG