Ссылки доступа

Волидони "ҷангҷӯён"-и боздоштшуда аз Эмомалӣ Раҳмон кумак мехоҳанд


Чаҳор сокини ноҳияи Дӯстӣ (Ҷилликӯли пешин) аз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ки ба қазияи боздошти писарони онҳо шахсан расидагӣ кунад. Онҳо иддао доранд, ки писаронашон бе далел боздошт ва гӯё таҳти шиканҷа айби иштирок дар ҷанги Сурияро ба гардан гирифтаанд.

Иддаое, ки на муфаттиши парванда ва на намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон қабул надоранд.

Моҳи марти соли ҷорӣ кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ 32 сокини ноҳияи Дӯстиро ба гумони иштирок дар ҷангҳои Сурия боздошт карда ва ба Душанбе оварданд. Баъдан 24 нафари онҳо озод шуда, 8 нафари дигарашон то ҳол дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

Маҳмадулло Маҳмадаминов, сокини ноҳияи Дӯстӣ хабар медиҳад, ки писараш Исломиддин тақрибан чор моҳ боз дар боздоштгоҳи якуми шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ гуфт, писараш ба он айбдор аст, ки гӯё моҳҳои июн, июл ва августи соли 2014 ба Сурия рафтааст. Дар ҳоле ки, ба қавли Маҳмадаминов, "ин дурӯғи маҳз аст. Писарам ҳафтуми июли соли 2014 аз Русия ба ватан баргашта ва 12 август арӯсӣ карда буд".

Мазорӣ Хушаков, яке дигар аз даъвогарон мегӯяд, писараш Амирҷони 28-сола соҳиби се фарзанд буда, баъди ихроҷ шуданаш аз Русия ба ҳеч куҷо нарафта буд. "Президенти мӯҳтарам, ин қазияро боадолатона дида бароед. Писарам 5 ноябри соли 2014 аз Русия бо автобус ба Тоҷикистон омад. Аз ҳаққи рафтан ба Русия маҳрум шудааст. Дар муддати 2,5 сол дар ноҳия аробакашӣ мекард. Кормандони Шӯъбаи 6-уми ВКД писарамро дастгир карда ва ба Душанбе оварданд. Сабабашро ба мо нагуфтанд", – афзуд ӯ.

Вале Бобоҷон Ҳалимов – муфаттиши парванда – даъвои шиканҷа шудани боздоштшудагонро рад карда ва гуфт: “Мо тамоми далелҳоро дорем, аз Русия ҳам гирифтем. Ягон касро бе далел маҳкам намекунанд. Ягон кас шиканҷа нашудааст. Шарт аст, ки барои исботи гуноҳашон мисли Туркия ягон ҷойро тарконанд? Агар шиканҷа шуда бошанд, чаро ба вакилони дифоашон гап назадаанд? Ҳамаи онҳо дар ҳузури вакилони дифоъ баёнот дода буданд”.

XS
SM
MD
LG