Ссылки доступа

Русия 22 сокини Қримро "террорист" эълон кард


Мақомоти Русия исми 22 сокини Қримро ба рӯйхати "террористону экстремистҳо" дохил кардаанд.

Ин рӯйхатро 12 июл Хадамоти мониторинги молиявии Русия нашр карда, дар он исми рӯзноманигорон, фаъолони ҷамъиятӣ ва маҳбусони сиёсие оварда шудааст, ки ғасби Қрим аз сӯи Москваро танқид кардаанд.

Миёни ин афрод Николай Семена, яке аз сарпарастони сомонаи Хабарҳо дар бораи Қрим, ки дар назди Радиои Озодӣ фаъолият мекунад, ҳам ҳаст. Семена дар истифодаи ВАО барои даъват ба ҷудоихоҳӣ айбдор мешавад. Дар рӯйхат исми блогер Юрий Илченко, ки ахиран барои мақолаи интиқодиаш дар бораи пайвастани Қрим ба қаламрави Русия дастгир шуд, шомил аст.

Ҳамчунин исми чан танд аз шаҳрвандони Украина, ки дар зиндонҳои Русия нигаҳдорӣ мешаванд, аз ҷумла Олег Сентсов, Александр Колченко ва Геннадий Афанасев, ки чанде қабл озод шуд, оварда шудааст.

Хадамоти мониторинги молиявии Русия бо дастури Владимир Путин, президенти ин кишвар таъсис ёфта, бевосита ба ӯ итоат мекунад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврпуо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон аз таъқиби рӯзноманигорони мустақил ва фаъолони ҷамъиятӣ дар Қрим ибрози нигаронӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG