Ссылки доступа

HRW: "қонуни Ярова" ҳуқуқи инсонро поймол мекунад


Қонунгузории зиддитеррористии нави Русия пур аз ҷосусии беасоси интернетӣ ва нодида гирифтани ҳуқуқи инсон аст. Дар ин бора дар иттилоияи созмони байналхалқии Human Rights Watch (HRW) хабар дода мешавад.

Қонуни "ислоҳоти зиддитеррористӣ"-и Ирина Ярова, ки аз сӯи президенти Русия Владимир Путин имзо шуд, як қатор мушкилоти амиқ дорад, ки ба ҳаёти шахсӣ дахолат мекунад ва барои баёни озоди андеша дар интернет монеа эҷод менамояд, мегӯянд ҳомиёни ҳуқуқ.

Синтия Вонг, аъзои созмони мазкур бар ин назар аст, ки ислоҳоти нав "Бародари бузург"-ро ба дараҷаи ҷосусии электронӣ мерасонанд.

Маҷмуаи қонунҳои "зиддитеррористӣ" 7 июл аз сӯи Владимир Путин имзо шуд. Ин ислоҳот пешбинӣ мекунад, ки барои "хабар нарасонидан" ва "майл доштан" ба иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ татбиқ шавад. Ба ҷуз ин, ширкатҳои мобилӣ вазифадоранд, ки ҳамаи зангҳои телефонӣ ва паёмакҳои муштариёнашонро сабт кунанд.

XS
SM
MD
LG