Ссылки доступа

Додгоҳи Канада даъвоҳо зидди ҳукумати Отамбоевро рад кард


Додгоҳи олии вилояти Онтариои Канада зери раҳбарии додрас Ж. Конвэй даъвои чаҳор ширкатро зидди ҳукумати Қирғизистон рад кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии ҶСК "Қирғизалтин" иттилоъ додааст.

Бино бар хабарҳо, Додгоҳи олии Онтарио рӯзҳои 28 ва 29 майи соли равон даъвои ширкатҳои туркии Sistem Muhendislik Insaat Sanayi ve Ticaret Anonim Sirketi, Entes Industrial Plants Constraction & Erection Constracting Co. Inc., ширкати канадагии Stans Energy Corp ва шаҳрванди Латвия Валерий Белеконро, ки мехоҳанд, саҳмияҳои ҶСК "Қирғизалтин"-и Қирғизистон дар ширкати Centerra Gold Inc ҳамчун даромад эътироф ва ба нафъи онҳо ситонида шавад, баррасӣ намуд.

Додгоҳ 11 июли соли равон бо қабули як қарор даъвои чаҳор ширкати мазкурро беасос хондааст. Бар пояи қонунгузории Канада ин ширкатҳо ҳақ доранд, аз болои қарори додгоҳ шикоят баранд.

Ёдрас мешавем, моҳи апрели соли 2011 ширкати Sistem Muhendislik Insaat Sanayi ve Ticaret Anonim Sirketi ба додгоҳи Канада муроҷиат карда, хост саҳмияҳои ҶСК "Қирғизалтин" дар ширкати Centerra Gold Inc дар асоси ҳалномаи ҳакамӣ дар доираи парвандаи марбут ба меҳмонсарои "ак-Кем" ба нафъи он мусодира шавад.

Моҳи октябри соли 2014 низ бо ин гуна даъво ширкатҳои туркии Sistem Muhendislik Insaat Sanayi ve Ticaret Anonim Sirketi, Entes Industrial Plants Constraction & Erection Constracting Co. Inc., ширкати канадагии Stans Energy Corp ва шаҳрванди Латвия Валерий Белекон ба додгоҳи Онтарио муроҷиат карда буданд. Аз манфиатҳои ҶСК "Қирғизалтин" дар додгоҳ ширкати ҳуқуқии Baker&McKenzieLLP ҳимоят мекард.

XS
SM
MD
LG