Ссылки доступа

Рӯзноманигори мухолифи қазоқ аз зиндон озод шуд (видео)


Ҳукми ҳабси муҳаррир ва молики сомонаи Nakanune.kz ба ҷазои шартӣ тағйир дода шуд. Парванда нисбат ба "фармоишгар"-и матлаб Тоир Калдибоев ба иллати фавташ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қатъ шуд.

Коллегияи таҷдиди назари додгоҳи шаҳри Алмаато оид ба парвандаҳои ҷиноӣ шикояти айбдоршавандаҳо дар доираи парвандаи нашри матлабҳои фармоишӣ дар бораи Казкоммерсбонкро бозбинӣ намуда, ҳукми додгоҳи ноҳияи Алмалинро тағйир дод.

Баррасии шикояти Ғизол Бойданилова ва соҳибкор Тоир Калдибоев, ки аз сӯи додгоҳ дар фармоиши матлабҳо дар бораи Казкоммерсбонк айбдор дониста шуданд, бояд 5 июл баррасӣ мегардид. Вале баъдан он ба 12 июл ба таъхир гузошта шуда, рӯзи 5 июл ҷасади Калдибоевро дар боздоштгоҳ пайдо карданд, ки худро овехта буд.

Ин ҳодиса боис шуд Казкоммерсбонк маблағҳоеро, ки Тоир Калдибоев ҳамчун ҷуброни зарар пардохт карда буд, ба хонаводааш баргардонад. Ҳамчунин дар ҷаласаи коллегияи таҷдиди назар қарор шудааст, парванда бар пояи даъвои ин бонк қатъ карда шавад.

Бино бар қарори додгоҳ, Бойдалиева, ки аз моҳи декабри соли гузашта дар ҳабс қарор дошт, аз зиндон озод ва якуним соли ҳукми ӯ ба ҷазои шартӣ тағйир дода шуд. Ҳамчунин Бойдалиева аз ҳаққи берун рафтан аз Алмаато маҳрум гардид.

Навори пахши мустақими бахши қазоқии Радиои Озодӣ аз толори додгоҳ:

XS
SM
MD
LG