Ссылки доступа

Дар Бишкек талаб доранд, ки миллият дар шиносномаҳо бимонад


Назди бинои Хадамоти давлатии бақайдгирии Қирғизистон дар Бишкек бо талаби боқӣ мондани мушаххасоти миллӣ дар шиносномаҳо гирдиҳамоӣ баргузор мегардад. Дар ин гирдиҳамоӣ намояндагони созмонҳо ҷавонон, ҳизбҳои сиёсӣ ва фаъолони шаҳрвандӣ ширкат мекунанд.

Ба гуфтаи фаъоли ҷамъиятӣ Одил Турдуқулов, нахуст эътирозгарон дар назди ҳайкали Чингиз Айтматов гирд меоянд ва баъдан то бинои Хадамоти бақайдгирӣ раҳпаймоӣ хоҳанд кард. Дар ин раҳпаймоӣ ширкати то 60 эътирозгар дар назар аст.

Пештар аз ин хадамоти бақайдгирии Қирғизистон намунаи нави шиносномаҳоро муарифӣ карда буд. Дар шиносномаҳои нави шаҳрвандони Қирғизистон мушаххасоти миллӣ ҷой дода надушааст. Дар ҷомеа ин мавзуъ баҳси зиёдеро ба бор овард.

Бархеҳо бар ин назаранд, ки набуди мушаххасоти миллӣ иғвоангезӣ аст. Бархеи дигар мегӯянд, зикр накардани миллият дар шиносномаҳо ба ваҳдат ва ризоият мерасонад.

XS
SM
MD
LG