Ссылки доступа

Обама: ИМА дар самти муносибатҳои нажодӣ хеле пеш рафтааст


Барак Обама, президенти ИМА панҷ корманди пулисеро, ки зимни таҷамуи эътирозӣ ҳафтаи гузашта кушта шуданд, қадрдонӣ карда, аз сокинон даъват кард, замоне, ки кишвараш бо мушкили нобаробарии нажодию зӯроварии кормандони пулис рӯ ба рӯ аст, умедро аз даст надиҳанд ва муттаҳид бошанд.

Президенти ИМА 12 июл дар маросими ёдбуди кормандони кушташудаи пулис дар Далласи иёлати Техас гуфт, ин ҷо омадааст, то бигӯяд, ки ноумед набояд шуд. "Инҷоям, то исрор кунам, ки мо он тавре менамояд, тақсим нашудаем. Инро барои он мегӯям, ки Амрикоро мешиносам. Медонам, ки мо бо пушти сар кардани мушкилиҳои бузург то чӣ ҳад пешрафт кардаем", - изҳор доштааст Обама.

Барак Обама афзудааст, ки аз таҷрибаи ҳаёти шахсиаш медонад, ки ИМА дар самти муносибатҳои нажодӣ то чӣ ҳад дур пешрафт кардааст.

"Он тавре ба мо менамояд, аз ҳам ҷудо нестем", - таъкид кардааст президенти ИМА. Президент Обама ёдовар шудааст, ки пулис ҳангоми рух додани фоҷеа "бо таҳаммулпазирии аз ҳад зиёд" амал карда, "ҷони мардуми бешуморро" наҷот додааст ва боқӣ сафедпустону сиёҳпустон дасти ҳамдигар гирифтанд. "Ин ҳамон Амрикое ҳаст, ки ман медонам", - илова кардааст вай.

Ҳангоми тазоҳуроти эътирозӣ ба хушунати маъмурини пулис нисбати амрикоиҳои африқоитабор дар Далллас 5 корманди пулис кушта ва 7 тани дигар ҳамроҳ бо ду сокини осоишта захмӣ шуданд. Бино бар иттилои расмӣ, ба сӯи кормандони пулис Мика Хавер Ҷонсон, сокини маҳаллии сиёҳпуст оташ кушода, дар натиҷаи инфиҷори маводи тарканда ба ҳалокат расидааст.

Пулис мегӯяд, Мика Хавер Ҷонсони 25-сола собиқадори артиши Амрико буда, дар ҷангҳои Афғонистон иштирок кардааст ва амали худро ҳамчун посух ба қатли сиёҳпустон дар Луизиан ва Миннесот аз сӯи кормандони пулис маънидод кардааст.

XS
SM
MD
LG