Сиздиков 13 май ба додгоҳ даъво бурд ва "талаби ҷуброни зарари обурӯи корӣ" карда, дар ҳаҷми 15 миллион танга ҷубронпулӣ хост. Судяи додгоҳи ноҳияи Медеу Дана Махметов қисман даъворо қонеъ карда, дар ҳаҷми 5 миллион танга ҷуброн таъйин намуд. Ин маблағро муаллифи матлаб Денис Кривошеев, сармуҳаррири нашрияи "Трибуна" Жанболат Мамай ва муассиси нашриёти "Қалам" бояд пардозанд.
Сармуҳаррири нашрия аз қарори додгоҳ розӣ нест. Вай мегӯяд, бештар аз 20 дархост ба додгоҳ ирсол кардаанд, аммо судя ҳеч кадоми онҳоро ба баррасӣ нагирифтааст.
Рӯзноманигор Денис Кривошеев ҳам аз қарори додгоҳ норозист. Вай мегӯяд, даҳҳо расонаи дигари Қазоқистон дар бораи қаҳрамони мақолааш матлаб навиштаанд.
- Ҳамаи идораҳои ҳифзи ҳуқуқ гуфтанд, ки Сиздиков фаъолияти коррупсионерӣ анҷом додааст. Ба Сизиков дар матлаби ман танҳо калимаи "фасодкор" писанд наомадааст, - мегӯяд Кривошеев.