Ссылки доступа

«Роскосмос»: нияти тарк кардани Байконурро надорем


Сардори Оҷонсии кайҳонии Русия Игор Комаров дар мусоҳиба бо хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ки "Роскосмос" ният надорад Байконури Қазоқистонро тарк кунад.

Ба гуфтаи вай, захираҳои иншооти Байконур "беохиранд". Вай афзудааст, интиқол додани мушакҳои борбари "Союз" аз Байконур иқдоми дурусте нест. Баҳори имсол аз космодроми Шарқ дар вилояти Амури Русия нахустин партоби мушак сурат гирифт.

Дмитрий Рогозин ҳафтаи гузашта хабар дода буд, ки Русия ният дорад Байконури Қазоқистонро тарк кунад. Аммо роҳбари Оҷонсии "Роскосмос" мегӯяд, нияти густариши ҳамкориҳои кайҳонӣ бо Қазоқистон ва афзудани зарфияти Байконурро доранд.

Русия Байконурро то соли 2050 ба иҷора гирифтааст. Бино бар иттилои сарвазири Қазоқистон Бакитжон Сагинтаев, барои иҷрои Байконур Русия ҳамасола 120 миллион доллар ба Қазоқистон мепардозад.

XS
SM
MD
LG