Ссылки доступа

НАТО ва Русия масоили амниятӣ ва ҳузури рӯзафзуни НАТО-ро дар Аврупо баррасӣ мекунанд


Ҷаласаи Шӯрои Русия-НАТО дар сатҳи сафирон 13 июл дар Брюссел баргузор шуд. Ин нахустин ҷаласаи ҷонибҳо баъди саммити НАТО дар Варшава аст. Дар саммити Варшава НАТО гуфт, ҳузурашро дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ густариш медиҳад.

Мулоқоти сафирони 28 кишвари узви НАТО ва Русия ҳамагӣ дувумин мулоқот аз соли 2014 ба ин сӯ аст. Баъди буҳрони Украина муносибатҳои Кремл бо Эътилофи низомии Антантикаи Шимолӣ сард гардид.

"Русия ва ҳампаймонон се мавзуъро баррасӣ мекунанд: буҳрони Украина, фаъолияти бахши низомӣ ва вазъи амниятии Афғонистон", - хабар дод сухангӯи НАТО Кармен Ромеро. Ба гуфтаи вай, НАТО оид ба қарори саммити Варшава дар бораи тақвияти амният Русияро огоҳ мекунад.

Москва хабар дода буд, ки масъалаи "сипари мушакии ИМА" ва тақвияти амнияти ҳарими ҳавоии Балтикаро ба баҳс мегузорад.

НАТО пештар аз ин гуфта буд, ки 4 баталонро бо наздики 4 ҳазор аскар дар Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик ҷойгир мекунад. Русия ин қарори НАТО-ро танқид карда, эътилофи низомиро ба хушунат айбор намуд. Кремл ҳамчунин огоҳ карда буд, ки ба густариши ҳузури низомӣ дар наздикиҳои марзаш ҳатман вокуниш нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG