Ссылки доступа

Пулисҳои қирғиз барои робита доштан бо ҷинояткорон аз рутба маҳрум шуданд


ВКД Қирғизистон хабар медиҳад, ки бархе аз кормандони фаврии пулис бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доштаанд ва ба онҳо кумак мерасондаанд: онҳоро аз баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва ё афроди дар кофтуков буда хабар медодаанд.

Дар пайи баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишоти хизматӣ гумонбарони ҳамкорӣ бо ҷинояткорон ошкор ва аз сафи мақомот берун карда шудаанд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии ВКД Бакит Сеитов, то ин замон маълумот дар бораи кормандоне, ки мақомотро бадном мекарданд, мавҷуд буд, аммо бори аввал аст, ки дар ин бора далел пайдо шудааст.

- Тафтишоти хизматӣ ҳоло ба поён нарасидааст. Баъди анҷоми тафтишот маълум мешавад, ки онҳоро танҳо аз мақомот ҷавоб хоҳем дод ва ё ба ҷавобгарӣ ҷалб хоҳем кард, - мегӯяд Сеитов.

Баъди ин ҳодиса вазири корҳои дохилии Қирғизистон Кашкар Ҷунушалиев гуфтааст, ВКД дар оянда ҳам аз пайи пайдо кардани чунин кормандон хоҳад шуд ва пулисҳои фасодзадаро ошкор хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG