Ссылки доступа

Раиси BBG Ҷеффри Шеллро ба Русия роҳ надоданд


Ҷеффри Шелл, раиси Шӯрои мудирони амрикоӣ дар умури мухобирот (BBG)-ро ба Русия роҳ надоданд.

Бино ба иттилои BBG, Шелл нимашаби сешанбе аз Прага ба Москва парвоз карда, ҳангоми гузаштан аз нуқтаи бақайдгирии шиносномаҳо дар фурудгоҳи Шереметево ӯро кормандони хадамоти амниятӣ боз доштаанд.

Раиси Шӯрои мудирони амрикоӣ дар умури мухобиротро чанд соат дар утоқе маҳкам намуда, соати 5 субҳ ба ҳавопаймои ширкати KLM, ки ба Амстердам парвоз мекард, савор намудаанд. Кормандони хадамоти амниятӣ ба Шелл гуфтаанд, ки вуруди ӯ ба қаламрави Русия якумрӣ манъ шудааст.

Намояндагони BBG субҳи барвақт бо Ҷон Тефт, сафири ИМА дар шаҳри Москва мулоқот кардаанд, то ин ҳодисаро баррасӣ намуда, таваҷҷуҳи намояндагии дипломатӣ ва Департаменти давлатии Амрикоро ба масъала ҷалб кунанд.

Ҷеффри Шеллро дар ҳоле ба Русия роҳ надоданд, ки равобити дипломатӣ миёни Москва ва Вашингтон якбора ба сардӣ гароидааст.

BBG Шӯрои тамоми умури пахшу нашри ИМА дар хориҷ, аз ҷумла Радиои Озодиро идора мекунад.

XS
SM
MD
LG