Ссылки доступа

Даъвати Отамбоев аз коршиносони СММ барои ширкат дар мурофиаҳои Аскаров


"Хулосаи Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ-ро хондаму дар он гуфта нашудааст, ки Аскаровро озод намоед, балки сухан дар бораи барқарории ҳуқуқҳое меравад, ки поймол гардида, ҳангоми баррасии додгоҳӣ ба қонуншиканиҳо роҳ дода шудааст", - гуфт Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон зимни нишастии хабарии муштарак бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар Бишкек.

"Дишаб раҳбари мақомоти додгоҳӣ ба ман гузориш доду гуфт, тамоми ҷузъиёти парвандаи Аскаров дар вилояти Чуй аз нав бо диққат ва бо тафсил баррасӣ мешавад. Бигзор ин кор як ё ду сол давом кунад. Дар хулосаи кумита талаб нашудааст, ки вайро якбора озод кунед. Балки гуфтаанд, ки ба қонуншиканиҳо роҳ дода шудаасту вайро дар зиндон шиканҷа кардаанд. Тафтишот низ яктарафа ва ҷаласаҳои додгоҳӣ зери фишор баргузор шудаанд. Аз ин рӯ, бо назардошти гузориши Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ва Қонуни асосии Қирғизистон парвандаи Аскаров бозбинӣ хоҳад шуд", - афзудааст Отамбоев.

Алмосбек Отамбоев гуфтааст, вай ба Пан Ги Мун, дабири кулли СММ нома навишта, аз ҳамаи 12 коршиноси ин созмон даъват кардааст, ба Қирғизистон биоянду дар ҷаласаҳои додгоҳӣ иштирок намоянд. "Мо омодаем онҳоро бипазирем ва барояшон тамоми шароитро фароҳам кунем, то раванди баррасиро назорат кунанд", - изҳор доштааст вай.

Коллегияи Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми пешини худ дар бораи ҳабси якумрии Азимҷон Аскаровро бекор карда, парвандаи ҷиноятии мазкурро барои таҳқиқи дубора ба додгоҳи вилояти Чуй фиристодааст. Дар марҳилаи баррасии додгоҳӣ ин ҳомии ҳуқуқ дар зиндон боқӣ хоҳад буд.

Азимҷон Аскаров дар ноҳияи Бозорқӯрғони вилояти Ҷалолобод зиндагӣ намуда, ба ҳайси ҳомии ҳуқуқ кор мекард. Баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 ӯ бо гумони ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва даст доштан дар куштори корманди пулис дастгир шуда, бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум гардид.

XS
SM
MD
LG