Ссылки доступа

Додгоҳи Аврупо: Русия ба рабудашудаҳои Махачқалъа 123 ҳазор евро пардозад


Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон Русияро вазифадор кард, то ба хешовандони ду сокини Доғистон, ки моҳи январи соли 2012 аз Махачқалъа дуздида шуда буданд, 123 ҳазор евро пардозад.

Тавре расонаҳо менависанд, Сироҷиддин Алиев ва Ғозимуҳаммад Абдулоевро дар маркази Махачқалъа афроди мусаллаҳ бо либоси кормандони БДА манъ мекунанд. Кормандони БДА ин ду нафарро бо зурӣ аз мошинашон берун мекунанд, завлона баста ба самти номаълум мебаранд. Ҳодисаи мазкур дар шоҳидии мардуми зиёд сурат гирифтааст. Ба гуфтаи хешовандони Абдуллоев ва Алиев, онҳоро нахуст ба як шуъбаи корҳои дохилии Махачқалъа мебаранд ва аз он ҷо ба кишвари Ставропол интиқол медиҳанд. Сарнавишти минбаъдаи онҳо норӯшан аст.

Мақомоти Доғистон рабуда шудани ин ду нафарро рад намекунанд, аммо мегӯянд, дар ин кор мақомоти қудратӣ даст надорад.

Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон ба хулоса расидааст, ки Русия ҳуқуқ ба озодӣ, дахлнопазирии шахсӣ ва ҳуқуқ ба зиндагии Алиев ва Абдуллоевро поймол кардааст. Додгоҳ мегӯяд, онҳоро мебояд кушташуда ҳисобид. Додгоҳ ҳамчунин таҳқиқи одамрабоиро дар Русия нокифоя хондааст.

XS
SM
MD
LG