Ссылки доступа

Сарвазири Қазоқистон ба Муғулистон рафт


Карим Масимов, сарвазири Қазоқистон бо сафари корӣ ба Муғулистон рафта, аз шаҳри офатзадаи Баян-Улгий дидан кардааст.

Дар хабари сомонаи сарвазири Қазоқистон омадааст, ки Масимов барои ширкат дар саммити кишварҳои Аврупо ва Осиё (АSEM) ба Муғулистон сафар кардааст. Дар доираи ин сафар, тавре интизор меравад Масимов чанд дидори дуҷониба анҷом хоҳад дод.

Дар минтақаи Баян-Улгий бо намояндагони диаспораи қазоқҳои маҳаллӣ мулоқот хоҳад кард. Дирӯз сарвазири Қазоқистон хабар дода буд, ки кишвараш ният дорад ба хонаводаҳои аз офати табиии 10 июл зарардида кумак расонад.

Тибқи иттилои сомонаи сарвазир, дар саммити кишварҳои Аврупо ва Осиё дар Улан-Батор масоили ҳалли оқибатҳои буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ, мубориза бо таҳдидҳои анъанавию муосир ва масоили зистмуҳитӣ баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG