Ссылки доступа

Интиқоди никоҳҳои барвақтӣ дар филми «12 соли интизорӣ»


Филми "12 соли интизорӣ", ки намоиши нахустинаш дар Душанбе шоми 12 июл баргузор шуд, никоҳҳои барвақтӣ ва азҳампошии зиёди оилаҳоро дар Тоҷикистон ба боди танқид кашидааст. Ин филм аз рӯзгори духтаре бо номи Фаришта нақл мекунад, ки баъди хатми мактаби миёна бо хоҳиши хонаводааш оиладор шуда, аммо ба шикаст рӯбарӯ гардидааст.

Муҳиддини Музаффар, коргардони "12 соли интизорӣ", гуфт, онҳо талош кардаанд, ки дар ин филм хушунати хонаводагӣ ва "ҷабрӣ" баъзе аз хушдоманҳоро низ ба риштаи тасвир кашанд."Тасаввури ин амр, ки дар асри 21 занони мо мисли ғулом бошанд, имконнопазир аст. Зан ҳам бояд ба ҳайси як фарди мустақил ва шахсият бошад. Мавқеъ ва андешаи худро дошта бошад", - мегӯяд ӯ.

Ба қавли Муҳиддини Музаффар, ҳоло ба далели камсаводӣ ва таҳсилдида набудани баъзе аз занон фарзандонашон низ тарбияи хуб намегиранд ва дар оянда ба "дарди сари" ҷомеа табдил хоҳанд шуд. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, тарбияи фарзандон асосан ба дӯши занон бор аст: "Ҷомеаи мо ва фарзандони мо аз андеша ва шахсияти модарони мо вобастаанд. Бояд занону духтарон соҳиби оила бошанд, аммо маълумот ҳам дошта бошанд. Ин ҷанбаи масъала дар шароити кунунӣ хеле муҳим аст. Ин филми мо воқеан зидди падару модаронест, ки мухолифи таҳсили духтарони худ ҳастанд".

Коргардони мелодраммаи "12 соли интизорӣ" мегӯяд, аммо ин филм бо шикасту ноумедӣ поён наёфта, балки бо пирӯзии қаҳрамони онҳо Фаришта хотима ёфтааст. Ӯ мегӯяд, баъд аз зиндонӣ ва озод шудани шавҳари Фаришта дар Русия ва интизории тӯлонӣ онҳо аз якдигар ҷудо шуда, баъдан қаҳрамони филм бо машварати равоншинос аз нав ба зиндагӣ дилгарм мегардаду аз пайи таҳсили худ мешавад.

Дилошӯб Орифзода, продюсери ин филм дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, "12 соли интизорӣ" бар асоси ҳодисаҳои воқеӣ таҳия шудааст. Ба қавли ӯ, пеш аз наворбардории филм онҳо ҳадди ақалл бо 40 зани хушунатдида суҳбат карда ва аз рӯзгори ҳар кадоме аз онҳо бахшҳоеро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG