"Намунаи рӯзноманигории касбии мустақил дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда" номидааст фаъолияти Радиои Озодиро мудири иҷроияи Шӯрои амрикоӣ дар умури мухобирот (BBG) Ҷон Лэнгсинг. Ин суҳбати Лэнгсинг дар ҷаласаи бахшида ба 25-солагии бахши Радиои Озодӣ дар Москва сурат гирифтааст. BBG Шӯрои фахрии ҳамаи расонаҳои хориҷии ИМА аз ҷумла Радиои Озодӣ аст.
Дар чорабинӣ рӯзноманигорон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дипломатҳои амрикоӣ, муаллифон ва дӯстони Радиои Озодӣ ширкат карданд.
Сафири ИМА дар Русия Ҷон Теффт нақши Радиои Озодиро дар инъикоси воқеонаи ҳодисаҳои ҷаҳон баҳои баланд додааст. Вай Радиои Озодиро "кафолати озодии матбуот" номида, гуфтааст, ҳоло фаъолияти бахши русии радио "нисбат ба ҳар замони дигар муҳимтар аст".