Ссылки доступа

Остона мехоҳад, дар рӯзҳои ЭКСПО тазоҳуротро манъ кунад


Остона масъалаи маҳдуд кардани тазоҳуротро ҳангоми баргузории намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО дар пойтахти Қазоқистон меомӯзад.

Жакип Асанов, додситони кулли Қазоқистон зимни суҳбат дар бораи намоишгоҳи ЭКСПО, ки қарор аст, соли оянда баргузор шавад, гуфт, чораҳои амниятӣ бояд пурзур шаванд. Ба гуфтаи вай, чунин чорабиниҳои сатҳи баландро бояд бо назардошти "хатару таҳдидҳои замонавӣ" баргузор кард. Ин нуктаро додситонии кулли Қазоқистон зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба таъмини волоияти қонун ва мубориза зидди ҷинояткорӣ баён доштааст.

Бино бар иттилои хабаргузории "Интерфакс — Қазоқистон", Асанов пешниҳод кард, ки барпо кардани тазоҳурот ҳангоми баргузории намоишгоҳи ЭКСПО -2017 дар Остона қонунан манъ шавад. Додситони кулли Қазоқистон ҳамчунин хостааст, дар рӯзҳои баргузории ин намоишгоҳ ба шахсони инфиродӣ силоҳ фурӯхта нашавад.

"Баргузор кардани чунин чорабиниҳо бе маҳдудиятҳои оқилона имконнопазир аст. Дар Сочӣ қонунан тазоҳурот, таҷаммуъ ва роҳпаймоиҳоро манъ карда, мошинҳои ғайримаҳаллиро роҳ надоданд. Мо ҳам бояд дар ин бора фикр кунем, ин як таҷрибаи ҷаҳонӣ аст ва дар тамоми кишварҳо мардум онро дарк мекунанд", - изҳор доштааст Асанов.

Баъди гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар "масъалаи замин", ки аз 24 апрел дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон баргузор шуд, даҳҳо фаъоли ҷамъиятиро ҷарима ё ба ҳабси маъмурӣ маҳкум намуданд. Зиди бархеи онҳо парвандаи ҷиноӣ ҳам боз шуд.

Аз 6 июн инҷониб дар тамоми қаламрави Қазоқистон сатҳи "зард"-и хатари террористӣ амал мекунад ва он барои 40 рӯз эълон шудааст. Сатҳи "зард"-и хатари террористӣ як рӯз баъд аз ҳамлаҳои хунин ба фурӯшгоҳҳои силоҳу қисми низомии вилояти Оқтеппа, ки дар натиҷаи онҳо чаҳор сокини осоишта ва се низомӣ ҷон бохтанд, роҳандозӣ шуд.

XS
SM
MD
LG