Ссылки доступа

ЮНЕСКО: таърихи Шаҳрисабз дар хатар аст


Кумитаи мероси ҷаҳонии СММ маркази таърихии Шаҳрисабзи Ӯзбекистонро ба рӯйхтаи маконҳои таърихие ворид кард, ки ба далели шаҳрсозӣ таҳти хатар қарор гирифтаанд.

Ин тасмим зимни иҷлосияи 40-уми кумита, ки аз 10 то 20 июн дар Истамбул баргузор шуд, гирифта шудааст.

Маркази таърихии Шаҳрисабз дар соли 2000 ба рӯйхати ёдгориҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуд. Ин ҷоро ёдгориҳои меъмории барҷаста ва маҳаллаҳои қадимаи комиле, ки аз таърихи чандинасраи ин шаҳр дарак медиҳанд, зиннат додааст. Ёдгориҳо ва маҳаллаҳои мазкур ба даврони шукуфоии ин шаҳр дар даврони Амир Темур ва Темуриён дар асрҳои XIV–XV тааллуқ мегиранд.

Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддие, ки дар ҳолати нобудшавӣ қарор доранд, бояд ба таври махсус нигоҳубин шаванд. Ҳоло ба ин рӯйхат 49 иншоот шомил гардидааст.

Кумитаи мероси ҷаҳонӣ рӯзи 13 июл гуфт, аз тахриби биноҳо ба хотири боз кардани роҳ барои зербинои сайёҳӣ дар маҳаллаҳои атрофи Шаҳрисабз, ки ҳанӯз дар асрҳои миёна бино шудаанд, нигарон аст. Ба гуфтаи ин кумитаи ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги СММ – бунёди меҳмонхонаҳо ва дигар биноҳои муосир “сурати таърихии Шаҳрисабзро ба таври бебозгашт тағйир додаанд”.

Кумитаи мероси фарҳангӣ аз ЮНЕСО даъват кард, то як ҳайъаташро барои бароварди хисороти расида ба маркази таърихии Шаҳрисабз ва пешниҳоди тадбирҳои муносибат барои ислоҳи ин ҳолат ба Ӯзбекистон бифиристад.

Мақомоти Ӯзбекистон мехоҳанд дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Шаҳрисабз ба муносибати 680-солагии Амир Темур ҷашни бузурге барпо кунанд. Ба ин муносибат дар шаҳри зодгоҳи Амир Темур сохтмони масҷиди бузурге ба номи ӯ идома дорад.

XS
SM
MD
LG