Ссылки доступа

ИМА: Русия режими Асадро ҳимоя мекунад, на бо террористон меҷангад


ИМА мегӯяд, Русия бо амалкардаш дар Сурия то ин ки бо терроризм биҷангад, бештар аз режими президент Башор Асад пуштибонӣ мекунад.

"Мутаассифона, мо шоҳид шудем, ки онҳо барои кумаки низомӣ расонидан ба режими Асад хеле таваҷҷуҳи зиёд равона мекунанд", - гуфт котиби матбуотии Кохи сафед Ҷош Эрнест зимни баромад дар нишасти матуботии ҳаррӯза дар Вашингтон.

"Дар ҳоли ҳозир Иёлоти Муттаҳида бо Русия амалиёти муштарак ва ё ҳамоҳангшуда доир намекунанд. Ман медонам, бархе аз пешниҳодҳо ҳаст, ки мумкин аст чунин созишнома қабул шавад, аммо дақиқан маълум нест, ки қабул хоҳад шуд ё на", - афзуд вай.

Ба гуфтаи Эрнест, мақомоти Русия мегӯянд, "ҷонибдори тағйироти сиёсӣ дар Сурия ҳастанд ва аз ҳузури тундгароён дар ин кишвар нигаронанд", аммо сарфи назар аз ин ҳарфҳо, онҳо тавони низомиашонро истифода мебаранд, ки "режими Асадро ҳимоят кунанд. Дар бархе ҳолат ин пуштибонӣ бар зарари талошҳои мо дар мубориза зидди тундгароён аст".

"Мо ҳамеша паёми рӯшан додаем, ки аз саҳми Русия дар мубориза зидди "Давлати исломӣ" ва ҳузури "ал-Қоида" дар Сурия истиқбол мекунем", - гуфт намояндаи Кохи сафед.

XS
SM
MD
LG