Ссылки доступа

Дар Қирғизистон зоиронро барои адои ҳаҷ моякӯбӣ мекунанд


Дар Қирғизистон маъракаи моякӯбӣ ва ё ваксинсозии зоироне, ки имсол нияти адои ҳаҷро доранд, шуруъ шудааст. Дар ин бора вазорати тандурустии ин кишвар хабар медиҳад. Тибқи иттилои вазорат, ин маърака 30 июл ба охир мерасад.

Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷҷи 2016 барои Қирғизистон 3685 ҷой ё квота ҷудо кардааст. Соли ҷорӣ арзиши ҳаҷ дар он кишвар 2600 долларро дар бар мегирад, ки нисбати соли гузашта 50 доллар гаронтар баҳо дода мешавад.

Гуруҳи нахустини зоирон аз Бишкеки Қирғизистон 16 август ба Арабистони Саудӣ парвоз хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG