Ссылки доступа

Шумори қурбониёни ҳамлаи Нитса ба 84 нафар расид


Дар Нитсаи Фаронса шумори қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба 84 нафар расид. Дар рӯзи таҷлил аз Рӯзи ишғоли Бастилия як мошини борбар издиҳоми мардумро зер кард. Тавре вазири корҳои дохилии Фаронса Бернар Казнёв хабар медиҳад, бештар аз 100 кас ҷароҳат бардошта, 18 танашон дар ҳолати сангин қарор доранд. Миёни кушташудаҳо кӯдакони зиёде ҳастанд.

Ин ҳамла ҳангоме рух дод, ки даҳҳо ҳазор сокин барои дидани чорабиниҳои ҷашнӣ ҷамъ омада буданд. Мошини борбар бо суръати баланд 2 километр роҳро аз миёни издиҳом ҳаракат кардааст. Ронанда дар пайи тирпарронӣ бо пулис кушта шудааст. Дар мошин силоҳ ва норинҷак кашф шудааст. Хабаргузории Франс пресс менависад, аз дохили мошин ҳуҷҷатҳои сокини 31-солаи Тунистабори Нитса пайдо шудааст.

Президенти Фаронса Франсуа Олланд ин рӯйдодро теракт унвон кардааст. Дар як барномаи телевизионӣ вай ҳамдардии худро ба хешовандони кушташудаҳо баён кард.

Ба гуфтаи Олланд, ҳолати фавқулодда дар кишвар, ки мебоист 26 июл ба охир расад, 3 моҳи дигар тамдид мешавад. Чунин қонунро дар фурсатҳои наздик порлумон ба баррасӣ мегирад.

XS
SM
MD
LG