Ссылки доступа

Даъват аз сарвазири нави Бритониё: Brexit-ро зудтар иҷро кунед


Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ва роҳбари Комиссияи Аврупо Жан-Клод Юнкер 13 июл бо ирсоли як нома за сарвазири тозаинтихоби Бритониё Тереза Мэй хостаанд, раванди хориҷшавии кишварашро аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба ақиб напартояд. Жан-Клод Юнкер таъкид кардааст, ки мехоҳад аз иқдомҳои ояндаи Лондон иттилоъ дошта бошанд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Фаронса Франсуа Олланд низ айни ин даъватро аз Мэй кардаанд.

Дар навбати худ Тереза Мэй гуфтааст, ки хоҳиши бритониёиҳоро дар мавриди хориҷ шудан аз ИА иҷро хоҳад кард, аммо барои ин кор Лондон ба вақт ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG