Ссылки доступа

Аз бинои муҳосирашудаи пулис дар Ереван як гаравгон озод шуд


Аз бинои пулис дар Еревани Арманистон, ки 17 июл аз сӯи як гуруҳи мусаллаҳ муҳосира шуда буд, яке аз гаравгонон озод шудааст. Тавре бахши армании Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ин гаравгон шаби 18 июл озод шудааст. Ҷузъиёти дигари ҳодиса ҳанӯз мушаххас нест.

Гуруҳи мусаллаҳ панҷ пулиси дигарро дар ихтиёри худ нигаҳ доштаанд. Миёни панҷ пулиси гаравгон муовини сардори пулиси Арманистон Вардан Егиазарян ва муовини сардори пулиси Ереван Валерий Осипян низ ҳастанд.

17 июл афроди мусаллаҳ кормандони пулисро дар яке аз шуъбаҳои корҳои дохилии Ереван гаравгон гирифтанд. Дар тирпаррониҳо бо ин гуруҳи мусаллаҳ як пулис кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд.

Гуруҳи мусаллаҳ талаб дорад, ки иштирокчии низоъи Қарабоғи Куҳӣ, роҳбари мухолифи тундгарои Фронти ҷамъиятии наҷоти "Арманистони Нав" Жирайр Сефилян озод карда шавад. Сефилян 20 июн бо айби омодагӣ ба табаддулоти низомӣ дар ин кишвар, зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG