Ссылки доступа

ВАО: дар тирпарронии Алмаато се нафар кушта шудааст


Дар натиҷаи як тирпарронӣ дар минтақаи Қозибеки кӯчаи Абилай-хонаи Алмаато се нафар кушта шудааст, ки ду танашон корманди пулисанд, иттилоъ додааст яке аз шоҳидони ҳодиса дар суҳбат бо хабарнигори Интерфакс.

“Дар Абилай-хона се ҷасад хобидааст. Ду нафарашон дар тан либоси кормандони пулис ва севумӣ либоси ғайринизомӣ дорад. Ҳамчунин ду тани дигар бо либосҳои низомӣ захмӣ шудаанд”, - гуфтааст шоҳиди ҳодиса.

Қаблан пулиси Алмаато эълон кард, ки дар ҳудуди шаҳр амалиёти зиддитеррористӣ оғоз шудааст ва аз сокинон даъват кард, ҳушёр бошанд.

“Аз ҳамаи сокинон хоҳиш мешавад манзилҳояшонро тарк накунанду ба ҷойҳои серодам нараванд. Ҳангоми дидани шахсони шубҳанок зуд ба пулис хабар дода, амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои махсусро дуруст дарк намоянд”, - омадааст дар иттилоияи пулист.

“Тирпаронӣ танҳо дар Раёсати корҳои дохилии Алмалин сурат нагирифтааст. Силоҳбадастон ҳоло тариқи кӯчаҳои шаҳр ҳаракат доранду оташ мекушоянд. Эҳтимол дорад, онҳо пайрави ривияи динии ғайрисуннатиянд”, - илова кардааст ҳамсуҳбати хабарнигори Интерфакс.

XS
SM
MD
LG