Ссылки доступа

Пулиси Истамбул дастури сарнагун кардани чархболҳоро дод


Мустафо Калискан, сардори пулиси Истамбул ба зердастонаш дастур дод, ҳар чархболеро, ки дар болои шаҳр бидуни иҷозат парвоз мекунад, бе огоҳӣ сарнагун кунанд.

Аз дигар минтақаҳои кишвар барои муҳофизати Истамбул 1800 нерӯи вижа фиристода шудааст. Дар ин бора хабаргузории Anadolu иттилоъ медиҳад.

Шаби шанбе чанде аз зерсохторҳои низомии Туркия талош карданд, ки дар ин кишвар табаддулоти давлатӣ амалӣ кунанд. Дар натиҷаи бетартибиҳо 290 шаҳрванд кушта шуд. Бо гумони даст доштан дар ин табаддулот наздики 6 ҳазор низомиву судя боздошт шудааст.

Дар миёни боздоштшудаҳо - фармондеҳи нерӯҳои ҳавоӣ Акин Озтурк, ки се мансабдори баландмақом аз ӯ ҳамчун яке аз ташкилкунандагони табаддулот ном бурданд, генерал Бекир Эркан Ван - фармондеҳи пойгоҳи НАТО дар Инҷирлик ҳам ҳастанд. Мушовири асосии низомии Эрдуғон Алӣ Язиҷӣ ҳам боздошт шудааст.

Мақомоти Туркия руҳонии фирории турк Фатҳулло Гулонро, ки дар ИМА ба сар мебарад, дар ин табаддулот айбдор мекунанд. Гулен мегӯяд, дар табаддулоти давлатӣ даст надорад.

XS
SM
MD
LG