Ссылки доступа

Путин гузориши WADA-ро ба "фишори геополитикӣ" марбут донист


Владимир Путин, президенти Русия аз Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) хоҳиш кард, то ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар мавриди истифодаи допинг дар варзиши Русия иттилои "бештар ва холисонатар" пешниҳод кунад. Дар ин бора сомонаи Кремл хабар медиҳад.

Путин илова кардааст, афроди масъуле, ки дар гузориши WADA ҳамчун "иҷрогарони мустақим"-и санҷишҳои дуруғини допингӣ зикр шудаанд, то анҷоми таҳқиқот аз вазифа барканор мегарданд. Айбҳои эълоннамудаи оҷонсиро президент рад накардааст, аммо онҳоро "талоши табдил додани варзиш ба дастгоҳи фишори геополитикӣ" унвон кардааст.

Рӯзи душанбе WADA гузоришеро муаррифӣ кард, ки тибқи он, ташхисгоҳи зиддидопингии Русия барқасдона истифодабарии допингро аз сӯи варзишгарони рус махфӣ нигоҳ доштааст. Дар ҳамин ҳол, Хадамоти амнияти федеролӣ дар ин амал даст доштааст.

WADA даъват кардааст, ки варзишгарони рус аз ҳамаи мусобиқаҳои байналхалқӣ маҳрум шаванд.

XS
SM
MD
LG