Ссылки доступа

Сарвазири Туркия рухсатии меҳнатии 3 миллион корманди давлатиро бекор кард


Сарвазири Туркия Бинали Йилдирим то содир шудани дастури вижа рухсатии меҳнатии се миллион корманди давлатиро бекор кард.

Дар як суҳбат бо рӯзноманигорон Йилдирим гуфтааст, ки дар ҷараёни табаддулоти давлатӣ шӯришиён 208 пулис, сарбоз ва сокинони осоиштаро куштаанд. Тақриан 1,5 ҳазор нафари дигар маҷруҳ шудааст. Бино бар иттилои охир, дар маҷмуъ дар ин бетартибиҳо 290 тан кушта шудааст.

Йилдирим ҳамчунин хабар додааст, ки бештар аз 7,5 ҳазор пулис, низомӣ, судя, додситон ва шаҳрвандони қаторӣ боздошт шудаанд. Наздики 10 ҳазор хизматчии давлатӣ аз мақом барканор гардидааст. Ҳамаи онҳо дар даст доштан ба талоши табаддулот гумонбар дониста мешаванд, хабар медиҳад нашрияи "Ҳуррият".

Сарвазир гуфтааст, Туркия мумкин аст муносибати дӯстонаашро бо ИМА зери суол барад. Анқара аз Вашингтон талаб дорад, руҳонии шинохтаи турк Фатҳуллоҳ Гуленро, ки дар ИМА паноҳанда аст, ба Туркия истирдод намояд. Мақомоти Туркия Гулен ва ҷонибдоронашро дар табаддулот муттаҳам медонанд. Фатҳуллоҳ Гулен ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG