Ссылки доступа

Раҳбари салафиҳои Тоҷикистон 8 сол аз озодӣ маҳрум шуд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, раҳбари салафиҳои Тоҷикистонро 8 сол зиндонӣ кардааст.

Як манбаъ дар ин додгоҳ ба расонаҳо хабар дод, ки ҳукми раҳбари салафиҳои кишвар охирҳои ҳафтаи гузашта содир ва Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ бар пояи қисми яки моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста шудааст.

Толиби Сангин, вакили дифои боздоштшуда мегӯяд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болояш ба зинаҳои болотар шикоят хоҳанд бурд.

Муҳаммади Раҳматулло, сокини 43-солаи ноҳияи Рӯдакӣ моҳи феврали соли равон боздошт шуд. Вай соли 2011, баъди чаҳор соли таҳсил дар факултети шариати Донишгоҳи байналмилалии исломии Покистон ба Тоҷикистон баргашт.

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ баъди манъ шудани фаъолияти Салафия дар Тоҷикистон дар соли 2009 кампайдо буд. Моҳи январи соли гузашта хабари боздошташ паҳн шуд, вале мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ онро тасдиқ накарданд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар низ зимни нишасти хабарии соли гузаштаи ниҳодаш ҳарчанд боздошти бархе аз аъзои гуруҳи мамнуъ ва экстримистии Салафияро тасдиқ кард, вале аз дастгир шудани Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ изҳори бехабарӣ намуд.

Пас аз ин хабар чанд матлаби Муҳаммадӣ Раҳматулло алайҳи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон нашр шуда, дар онҳо ҲНИТ асосан “муздури хориҷиён” дониста мешуд.

XS
SM
MD
LG