Ссылки доступа

ВАО: Туркия халабонеро, ки СУ-24-и Русияро сарнагун сохт, боздошт кард


Мақомоти Туркия ду халабонеро, ки дар сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Су-24-и Русия даст доштанд, боздошт кардаанд. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо истинод ба мақомҳои баландпояи турк иттилоъ додааст.

Қаблан Мелих Гёкчех, шаҳрдори Анқара зимни суҳбат бо телевизиони CNN Turk гуфт, миёни иштирокдорони табаддулоти шаби 16 июл дар Туркия халабоне, ки ҳавопаймои Су-24-ро сарнагун карда буд, ҳам ҳаст.

24 ноябри соли 2015 ҳавопаймои низомии Туркия бомбаандози Су-24-и Русияро, ки дар амалиёти низомии Сурия иштирок мекард, сарнагун намуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса халабони рус Олег Пешков ба ҳалокат расид. Анқара он замон гуфт, Су-24 барои нақзи ҳарими ҳавоии Туркия сарнагун шудааст. Аммо Москва ин иддаоро рад кард.

Кушта шудани ин халабони рус боиси сард шудани муносибатҳои Русия ва Туркия гардид. Москва аз Анқара хост, дар робита ба ин қазия узр бихоҳад, вале посухи рад гирифт. Дар натиҷа Русия зидди Туркия як қатор таҳримҳо ҷорӣ кард.

Владимир Путин, президенти Русия охирҳои моҳи июни соли равон, баъди узрхоҳии ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз хонаводаи Пешков маҳдудияти сафари сайёҳони рус ба Туркияро аз байн бардошт. Аммо таҳримҳо зидди молҳои туркӣ ҳанӯз амал мекунанд.

XS
SM
MD
LG