Ссылки доступа

Дар Бишкек садои азонҳои шабона пасттар мешавад


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба азонҳои шабонае, ки тавассути баландгӯякҳо садо медиҳанд, маҳдудият ҷорӣ хоҳад шуд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, сокинон аз садои баланди азонҳои шабона нороҳат шудаанд. Муовини муфтии Қирғизистон Акимҷон Эргешов ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст, ки идораи онҳо ин масъаларо бо Раёсати маънавии мусалмонҳои кишвар баррасӣ кардааст.

- Мо ба мақомот ваъда додем, ки дар шаҳр тартибот ҳифз хоҳад шуд. Мо ба иҷрои онҳо пардохтем. Бо ходимони масҷидҳо суҳбат кардем ва онҳоро огоҳ намудем, ки барои сокинон нороҳатӣ эҷод накунанд. Шабона садои азон пасттар карда мешавад, аммо комилан хомӯш намешавад. Зеро онҳое ҳам ҳастанд, ки садои азонро мунтазир мешаванд, - гуфтааст Эргешов.

Мақомот хабар додаанд, ки иҷрои ваъдаи муфтиётро назорат мекунанд.

Тибқи талаботи шариат дар масҷидҳо азон бояд дар як рӯз панҷ маротиба садо диҳад. Се маротиба рӯзона ва ду маротибаи дигар шабона: яке соати 4-и субҳ ва дигарӣ соати 10-и шаб.

XS
SM
MD
LG