Ссылки доступа

Рӯзноманигори маъруф Павел Шеремет дар Киев кушта шуд


Павел Шеремет, рӯзноманигори маъруфи Белорус дар натиҷаи инфиҷори мошинаш дар шаҳри Киеви Украина ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои нашрияи "Ҳақиқати Украина", таркиш субҳи чаҳоршанбе тахминан соатҳои 07: 45, баъди он ки рӯзноманигор ба мошин савор шуда, ҳамагӣ чанд мерт аз манзили зисташ дур мешавад, рух додааст. Манбаъ мегӯяд, мошини мазкур ба Алена Притула, молики “Ҳақиқати Украина” тааллуқ дошта, худи вай дар дохил набудааст.

Павел Шеремет 44 сол дошта, корро дар телевизиони Белорус оғоз карда аст ва аз соли 1998 то 2008 дар телевизиони “Шабакаи аввали”-и Русия ба ҳайси хабарнигори махсус, муҷрии барномаи “Время” ва муаллифи филмҳои мустанад фаъолият намудааст. Ӯ солҳои охир дар Киев зиндагӣ ва дар нашрияи "Ҳақиқати Украина" ва радиои “Вести” кор мекард.

Шеремет меҳмони вижаи Радиои Озодӣ низ буд, ки равандҳои сиёсӣ дар Украина ва Русияро шарҳ медод. Вай ҷонибдори Майдони Киев буда, мақомоти русро ба шиддат интиқод мекард. Бори охир ӯ 9 марти соли равон дар барномаи “Рӯ ба ҳодисот” иштирок карда буд. Ҳамчунин моҳи март дар бораи буҳрон, Қрим, Донбасс ва ислоҳоти Украина ибрози назар карда буд.

XS
SM
MD
LG