Ссылки доступа

Донишгоҳҳои Ӯзбекистон таълимдидаҳои муассисаҳои диниро намепазиранд


Дар Ӯзбекистон хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти динии назди Идораи мусулмонони ин кишварро ба донишгоҳҳо қабул намекунанд.

Чанд тан аз ин хатмкунандагон дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки комиссияи қабули донишгоҳҳои Ӯзбекистон ҳуҷҷатҳои онҳоро рад кардааст.

Як корманди Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон, ки фаъолияти комиссияҳои қабулро назорат мекунад, гуфт, Идораи мусулмонони ин кишвар то ҳол рӯйхати муассисаҳои таҳсилоти динӣ ва ҳуҷҷати хатмкунандагонеро, ки бояд комиссия қабул кунад, ба вазорат нафиристодааст.

Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар навбати худ амали Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси ин кишварро “ғайриқонунӣ” медонад. Ба гуфтаи ин ниҳод, шаҳодатномаи додаи муассисаҳои таҳсилоти динӣ кофӣ аст, то комиссия ҳуҷҷати хатмкунандагони онҳоро қабул намояд.

Бар пояи қарори Девони вазирони Ӯзбекистон аз 22 августи соли 2003, шаҳодатномаи Донишкадаи исломии шаҳри Тошканд ва муассисаҳои таҳсилоти махсуси исломӣ бо дипломҳои дигари мактабҳои олии давлатӣ баробарарзиш дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG