Ссылки доступа

Дар Алмаатои Қазоқистон "амалиёти вижа" ба охир расид


Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон муҳосираи минтақае, ки он ҷо амалиёти махсус анҷом шуд, бекор гардидааст, хабар медиҳад бахши қазоқии Радиои Озодӣ.

Раёсати корҳои дохилии Алмаато аз анҷомёбии чаробинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ хабар додааст. Субҳи имрӯз кӯчаҳои Гогол, Зенкова, Макатаева ва Абдуллинҳои шаҳри Алмаато ба муҳосира гирифта шуда, он ду соат идома кардааст.

Дар ин минтақа субҳгоҳӣ пулис ва кормандони мусаллаҳи мақомоти қудратӣ ҳозир шудаанд. Бахши Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки суръати интернет ин субҳ хеле пойин будааст. Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки минтақаи "Бозори сабз" низ муҳосира шудааст.

Ёдрас мешавем, 18 июл дар Алмаато як марди мусаллаҳ ба сӯи чанд корманди пулис ва сокинони осоишта тир кушод. Дар натиҷа 4 пулис ва ду сокини осоишта кушта шуд.

XS
SM
MD
LG