Ссылки доступа

Ҳар ду ҷониби низоъ дар Донбасс ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд


Далелҳои мазкур дар гузориши муштараки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ва Human Rights Watch зикр шудааст.

Дар минтақаи низоъ дар шарқи Украина ҳам мақомоти Украина ва ҳам ҷудоихоҳон ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд.

Дар гузориши муштараки Amnesty International ва Human Rights Watch далелҳои боздошти ғайриқонунии сокинони осоишта, нигаҳдории тӯлонии онҳо, аз ҷумла дар ҷойҳои номаълум, ҳамчунин истифодаи шиканҷа нисбати онҳо зикр шудааст.

Гузориши мазкур рӯзи 21 июл расман аз сӯи Маркази буҳронии матбуотии Украина дар Киев муаррифӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG